Имруз дар толори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” -и шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсат ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сипас, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар мамлакати азизамон 27-уми июн қайд мегардад, табрику шодбош намуд.

Гуфта шуд, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Дар ин санаи таърихӣ бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон сулҳу ваҳдат ва оромии комил таъмин гашта, Тоҷикистони азиз ба сӯи рушду пешрафт қадамҳои устувор гузошт.

Аз ҳамин ҷост, ки бо гузашти 28 сол аз замони ба имзо расидани ин ҳуҷҷати муҳим ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ обру ва нуфуз пайдо карда, дар тамоми самту соҳаҳои ҳаётан муҳим ба муваффақият ва дастовардҳои назаррас ноил гашт.

Тавре зикр гардид, сулҳи деринтизор ба шарофати хиради азалӣ ва сиёсати муваффақонаву бобарори фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланд ва соҳибтамаддуни тоҷик насиб гашт.

Дар идомаи ҳамоиши идона меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, атрофи таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, нақши он дар давлатдории миллии тоҷикон ва расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо фикру андешаҳои худро баён карданд.