Бо ташаббуси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 03-юми июли соли равон дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе маросими поси хотир ва гулчанбаргузорӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, кормандони Раёсати тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии пойтахти мамлакат ширкат варзиданд. Иштирокчиёни чорабинӣ аз оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон-Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзанди баруманди миллат Нисор Муҳаммад, ки аз чеҳраҳои барҷаста ва фарзанди содиқи миллат ба шумор мераванд, боздид намуда, ба хотири гиромидошти хизматҳои таърихии онҳо гулчанбар гузоштанд. Қобили зикр аст, ки маҳз бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки поки ин шахсиятҳои таърихӣ ба Ватан баргардонида шуда, имрӯз оромгоҳи онҳо ба макони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба хизматҳои фарзонафарзандони миллат табдил ёфтааст. Post navigation ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН