РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: – сармутахассис-сармуҳосиб (1 ҷой) – музди маош 1995 сомонӣ; Талабот барои довталабон: маълумоти олии иқтисодӣ, 2 солсобиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; – сармутахассис оид ба ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модаронишуъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой) – музди маош 1995 сомонӣ; Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, ихтисоси коритабобатӣ (акушер-гинеколог), 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД: – ариза; – варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6); – тарҷумаи ҳол; – нусхаи шиноснома; – маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; – нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос (диплом, шаҳодатнома ва ғайра) – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии корӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); – маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038; -нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); -хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошад); – маълумот дар бораи доштан (надоштани) доғи судӣ; -нусхаи билети ҳарби (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); -маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ. Нишонаи мо: 734033 шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Нарзиқулов-8, телефон 223-11-93, почтаи эл: rt.dushanbe@mail.ru Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рӯз пас аз чопи эълон. Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд. САВОЛНОМА оид ба гузаронидани озмун дар Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 1.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шуда буд, кай ва бо кадом роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд? 2. Коститутсияи аз чанд боб ва чанд мода иборат мебошад? 3.Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед? 4.Мақомоти қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақом мебошад? 5.Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? 6.Мақомоти намояндагии маҳалии ҳокимияти давлатӣ кадом аст? 7.Парламенти касбӣ чи маъни дорад? 8.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёси амал мекунад ва онҳоро номбар кунед? 9.Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти хизматчии давлатиро номбар кунед? 10.Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат? 11.Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад? 12.Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад? 13.Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст? 14.Киҳо вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шуда метавонанд? 15.Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд? 16. Шохаҳои ҳокимиятро номбар кунед ? 17. Барномаҳо оид ба самти соҳаи тандурустӣ кадомҳоянд? 18. Тибқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемор дорои кадом ҳуқуқҳо мебошад? 19. Мафҳуми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ? 20. Саломатӣ чист? 21. Синну соли репродуктивӣ кадом сину сол ба шумор меравад? 22. ҚонуниЧумхурииТоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ» кай қабул карда шудааст? 23. Принсипҳои фаъолияти тибби оилавиро номбар намоед? 24. Нишондоди асосии фаъолияти табиби оилавиро номбар кунед? 25. Кадом стратегияҳо миллӣ ва соҳавиро медонед? 26. Қисмҳои асосии компютерро кадом таxҳизотҳо ташкил медиҳанд? 27. Барои сохтани ҳуҷҷат аз кадом фармонҳо истифода мебарем? 28. Барномаҳои компютерро номбар намоед? 29. Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе чи гунна сохтор мебошад? 30. Принсипҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ? 31. Хизматчии давлати кист? 32. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат кунед? 33. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳо мебошанд? 34. Тартиби даъвати Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо шарҳ диҳед? 35. Кадом боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент бахшида шудааст? 36. Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куҷо савганд ёд мекунад? 37. Моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чиро муқарар мекунад? 38. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоед? 39. Аввалин маротиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадом вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид? 40. Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон:”Манн то он лаҳзае, ки охирин гуреза ба Ватани хеш барнагардад, худро ҳамчун роҳбари давлат ором ҳис намекунам” бори аввал дар кадом ҷаласа иброз гардид? 41. Ҷоизадорони унвони Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед? 42. Парчами миллӣ кай қабул шудааст? 43. Рӯзи забони давлатӣ кай ҷашн гирифта мешавад? 44. Намудҳои шакли идоракунии давлат кадомҳоянд? 45. Созишномаи Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай кабул карда шуд? 46. Қонун чист? 47. Кадом санадҳои зерқонуниро медонед? 48. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомотҳо ҳуқуқи ҳуқуқэҷоткуниро доранд? 49. Типҳои таърихии давлатро номбар намоед ? 50. Кадом санад аввалин маротиба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд? 51. Кадом сол Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд? 52. Тероризм чист? 53. Созмони Миллали Муттаҳид ва мақсади фаъолияти он? 54. Манбаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ? 55. Моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом масъала бахшида шудааст? 56. Моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом масъала бахшида шудааст? 57. Тарзи ташкил,сохтор ва таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 58. Моҳияти иқтисоди миллиро шарҳ диҳед? 59. Иқтисоди миллӣ аз кадом соҳаҳо иборат аст? 60. Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишварро номбар намоед? 61. Даромади миллӣ чист? 62. Боҷи давлатӣ чист? Post navigation ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН