Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлатҳое муваффақ ба ҳисоб мераванд, ки тавонанд мероси таърихию илмии худро ба унвони сармояи маънавӣ ва омили нуфузи байналмилалӣ истифода намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз тавассути сиёсати фарҳангпарварона ва тамаддунофари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист арзишҳои таърихии миллатро эҳё намуда, онҳоро ҳамчун рукни муҳими худшиносӣ ва муаррифии ҷаҳонии давлат истифода барад. Дар ҳамин замина, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва тамаддунӣ дорад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими нуфузи илмии тоҷикон ва муаррифии саҳми миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз ба ҳифзи мероси таърихии худ таваҷҷуҳ дошта, мехоҳад онро ба унсури фаъоли рушди илми муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил диҳад.

Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин чеҳраҳои илмии таърихи инсоният маҳсуб мешавад. Ӯ табиби машҳур, файласуф, мутафаккир, донишманд, адиб ва намояндаи барҷастаи тамаддуни тоҷикону форсизабонон мебошад. Осори ӯ дар тӯли асрҳо ба рушди илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, кимиё, риёзиёт ва табиатшиносӣ таъсири амиқ гузоштааст. Маҳз тавассути фаъолияти илмии ӯ тибби тоҷик ва ҷаҳонӣ шакли нав гирифта, ба илми дақиқ ва асоснок табдил ёфт.

Китоби машҳури ӯ “Ал-қонун фи-т-тиб” дар тӯли чандин аср то имрӯз ҳамчун китоби асосии таълимии донишгоҳҳои Аврупо хизмат намуда, то асри XVII дар бисёр муассисаҳои илмии ҷаҳон истифода мешавад. Ин асар маҷмуаи донишҳои тиббии замони худ, намунаи олии тафаккури илмӣ, таҷрибаомӯзӣ ва таҳлили мантиқӣ мебошад. Ибни Сино дар он масъалаҳои марбут ба ташхис, пешгирӣ, табобат, беҳдошт, таъсири муҳити зист ба саломатии инсон, бемориҳои сироятӣ ва ҳатто равоншиносиро бо усули илмӣ шарҳу тавзеҳ додааст.

Аҳаммияти таълимоти Абуалӣ ибни Сино дар замони муосир боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти ҷиддии тандурустӣ, аз ҷумла пандемияҳо, бемориҳои сироятӣ, мушкилоти экологӣ ва буҳронҳои равонӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит бисёре аз назарияҳои илмии Ибни Сино бори дигар аҳаммияти худро собит месозанд. Ӯ ҳанӯз ҳазор сол пеш масъалаи пешгирии бемориҳоро аз табобати онҳо муҳимтар медонист. Ин андеша имрӯз яке аз принсипҳои калидии тибби муосир ба ҳисоб меравад.

Дар осори илмии Ибни Сино масъалаи тозагӣ, муҳити солим, ғизои дуруст ва тарзи ҳаёти солим ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ бар ин назар буд, ки саломатии инсон танҳо ба доруворӣ вобаста набуда, ба муҳити иҷтимоӣ, руҳия, ғизо ва тарзи зиндагии инсон иртиботи мустақим дорад. Ин дидгоҳ имрӯз дар доираи тибби профилактикӣ ва сиёсати ҷаҳонии тандурустӣ мавқеи муҳим дорад.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар чунин шароит аҳаммияти хос пайдо мекунад. Ин ҷоиза василаи қадрдонии олимон ва мутахассисони соҳаи тиб буда, минбари байналмилалии муаррифии илми тибби тоҷик низ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз қадим соҳиби мактаби бузурги илмӣ буда, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Аҳаммияти дигари ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки он метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ҷоизаи мазкур имконият медиҳад, ки олимон, пажӯҳишгарон ва мутахассисони соҳаи тиб аз кишварҳои гуногун дар атрофи омӯзиши мероси илмии Ибни Сино муттаҳид гардида, барои ҳалли мушкилоти глобалии тандурустӣ ҳамкорӣ намоянд. Ин омил метавонад Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои муҳими мубодилаи афкори илмӣ дар соҳаи тиб табдил диҳад.

Дар баробари ин, таъсиси чунин ҷоиза дорои аҳаммияти бузурги маънавию тарбиявӣ низ мебошад. Ҷавонони тоҷик тавассути омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти илмии Абуалӣ ибни Сино метавонанд эҳсоси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва масъулияти илмиро дар худ тақвият бахшанд. Вақте ки давлат шахсиятҳои таърихии миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, ин амал ба ташаккули тафаккури миллӣ ва эҳёи рӯҳияи илмпарварӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Маҳз ҳамин сиёсати фарҳангмеҳваронаи Пешвои миллат буд, ки дар солҳои истиқлолият номи Абуалӣ ибни Синоро ба яке аз рамзҳои худшиносии миллӣ табдил дод. Имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ноҳияе дар шаҳри Душанбе ва рӯзи касбии кормандони тиб бо номи ин нобиға иртибот доранд. Ҳамаи ин далели он аст, ки давлат ва ҷомеа ба шахсияти Ибни Сино ҳамчун мероси зиндаи миллӣ ва сарвати бузурги маънавӣ муносибат мекунанд.

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб метавонад барои рушди илми тиб дар дохили кишвар низ таъсири мусбат расонад. Ҳавасмандгардонии олимон, ташкили таҳқиқоти нав, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва рушди муассисаҳои тадқиқотӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳими ин ташаббус хоҳанд буд. Зеро ҳар ҷоизаи сатҳи байналмилалӣ механизми ташвиқи фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ мебошад.

Дар замони муосир давлатҳое пешрафта ҳисоб мешаванд, ки илму донишро ҳамчун омили асосии рушд истифода мебаранд. Тоҷикистон низ имрӯз тавассути чунин ташаббусҳо собит менамояд, ки роҳи пешрафти кишвар аз рушди илм, маърифат ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ мегузарад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб намунаи возеҳи ҳамин сиёсати давлатдорӣ мебошад. Ин иқдом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон мехоҳад чун вориси таърихи бузург иштирокчии фаъоли рушди тамаддуни муосир гардад. Зеро омӯзиш ва муаррифии мероси илмии Ибни Сино сармоягузорӣ ба ояндаи илм, тандурустӣ ва фарҳанги инсоният мебошад.

Бо итминон метавон гуфт, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон, эҳёи шуҳрати ҷаҳонии тибби тоҷик, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии саҳми миллати тоҷик дар тамаддуни башарӣ нақши муҳим хоҳад гузошт. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи бузурги илмӣ буда, фарзандони фарзонаи он, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, барои тамоми башарият хизматҳои ҷовидонӣ анҷом додаанд.

Ато СОБИРЗОДА,

муовини сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб