Имрӯз, 04-уми сентябри соли равон ба муносибати ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” ҷаласаи тантанавии Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода, директори нашриёти “Адиб” Раҳмоналӣ Мирализода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Баъдан, сардори Раёсат Хушвахт Шарифзода бо сухани табрикоти баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба муносибати фарорасии санаи фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуд.

Тавре зикр гардид, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 35 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахши таърихӣ аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Маҳз аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру сафо, ободонию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Аз ин ҷост, ки ҷашни мазкурро дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз бо як шукуҳу шаҳомати хоса, шодию фараҳ ва қадршинсӣ таҷлил менамоянд.

Дар ин давра обру ва нуфузи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон низ ба маротиб боло рафт, ки ин ҳама маҳз бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин дастовард ва муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ маҳз самараи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Дар чорабинии идона меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда табрику шодбош намуданд.

Дар хотимаи чорабинии идона ба меҳмонон ва як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустии пойтахт Сипоснома ва нишони сарисинаги тақдим гардид.