Бахшида ба “Рӯзи байналмилили ҳифзи кӯдакон” имрӯз, 30-юми майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1-и шаҳри Душанбе” чорабинии бошукӯҳи идона доир гашт, ки дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Фазилатпочои Маҳмадюсуф ва сардори Раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” – Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва ҳайати ҳамроҳон аз вазъи кӯдакони маъюбе, ки дар муассиса мавриди парасторӣ ва табобат қарор доранд, дидан намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияташон маҳдуд, кӯдакони ятиму маъюб ва онҳое, ки бо ҳукми тақдир ва аз бетарафии наздикони хеш аз муҳити хонаводагӣ дур афтодаанд, яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон яке аз бахшҳои мубрами Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025 – 2030 ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи чорабинӣ бо иштироки кӯдакони муассиса барномаи фарҳангӣ бо фарогири базми шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб доир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санаи 1-уми июн ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ карда мешавад, ки таваҷҷӯҳи насли калонсол бештар ба кӯдакон ва тақдири ояндаи онҳо равона карда шавад.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти онҳо аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.