Имрӯз, 24-уми апрели соли равон вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, натиҷагирӣ аз рафти фаъолияти муассисаҳои тиббию табобатӣ, баррасии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бартараф намудани онҳо ҷаласаи навбатии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир гашт. Дар ҷаласаи корӣ сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, намоянда Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти кишвар ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Нахуст Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ баромад кард. Номбурда зимни суханронии хеш ҳамзамон доир ба омилҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва иқдому ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирии ин зуҳуроти ҷомеа маълумот дод. Дар идомаи ҷаласа таваҷҷуҳи масъулин ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ёрии аввалияи тиббӣ, назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, пешгирии фавти модар ва кӯдак, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳамзамон пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳа ҷалб карда шуд. Дар анҷом ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Хушвахт Шарифзода ба роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Post navigation ДАРҲОИ КУШОД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ФАРОГИРИИ ШАҲРВАНДОН БА ТАШХИСУ МУОИНАИ ТИББИИ РОЙГОН ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН МОДАР” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД