Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон Маркази шаҳрии тибби оилавӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона озмуни “Беҳтарин модар”-ро дар байни заноне, ки кӯдаконашон дар синни то 6 сола мебошанд, гузарониданд. Мақсад, тартиб ва шартҳои озмун бо мақсади рушд бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои КАТС, баланд бардоштани машварати модар оиди ғизои солими кӯдак, омӯзишу баррасии таҷрибаи пешқадами мутахассисони ҳуҷраҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, беҳтар намудани усулҳои нави машварати модароне, ки кӯдакони то 59 моҳа доранд, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии модарон оид ба ғизои солим, кӯдакони камвазн ва бемории камхунӣ дошта гузаронида шуд. Дар рафти озмун ба фаъолияти ҳуҷраҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва “Беҳтарин лавҳа” оид ба машварати ғизои солим ба кӯдакони то синни 59 моҳагӣ ва амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” дар байни табиби оилавӣ ва ҳамшираи тибби оилавии марказҳои саломатии шаҳрӣ баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамин тавр, аз рӯи холҳои гирифта ғолибони озмуни «Беҳтарин Модар”- як нафар ҷойи якум ва дунафарӣ соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гаштанд, аз ҷумла ҷойи аввал насиби Яқубова Дилшода аз Маркази саломатии шаҳрии №1, ҷойи дуюм Шарипова Сайёрахон аз Маркази саломатии шаҳрии №13, ҷойи дуюм насиби Абдуллоева Маҳина аз Маркази саломатии шаҳрии №11, ҷойи сеюм Раҳимова Маҳина аз Маркази саломатии шаҳрии №10, ҷойи сеюм Абдуллоева Меҳриннисо аз Маркази саломатии шањрии №7 дониста шуданд. Дар баробар ин ғолибони озмуни «Беҳтарин дастаи тибби оилавӣ» низ муайян гаштанд: Ҷойи аввал дастаи Маркази саломатии шаҳрии №11 (табиби оилавӣ Қадамов Саймумин, ҳамшираи оилавӣ Расулова Манижа), ҷойи дуввум дастаи Маркази саломатии шаҳрии №15 (табиби оилавӣ Азизова Парвина, ҳамшираи оилавӣ Қувватова Гулрухсор), ҷойи сеюм дастаи Маркази саломатии шаҳрии №2 (табиби оилавӣ Назарова Суратмо, ҳамшираи оилавӣ Назарова Шодигул), ҷойи сеюм дастаи Маркази саломатии шаҳрии № 7 (табиби оилавӣ Тешаева Фарангис, ҳамшираи оилавӣ Қодирова Садоқат). Инчунин, беҳтарин ҳуҷраи “Ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона” (ҲБК) низ ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал ҳуҷраи ҲБК-и Маркази саломатии шаҳрии №9, ҷойи дуюм ҳуҷраи ҲБК-и Маркази саломатии шаҳрии №6, ҷойи дуюм ҳуҷраи ҲБК-и Маркази саломатии шаҳрии №15, ҷойи сеюм ҳуҷраи ҲБК-и Маркази саломатии шаҳрии №8, ҷойи сеюм ҳуҷраи ҲБК-и Маркази саломатии шаҳрии №14 гардиданд. Post navigation ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТ ДОИР ГАРДИД СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СОҲА