Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола дар саросари олам санаи 7 апрел таҷлил мегардад, дар баробари дигар кишварҳои олам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чорабиниҳои солимгардонии шаҳрвандон ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Бахшида ба ин сана имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар тамоми муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур мутахассисони марказҳои тиббию табобатии шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон машваратҳо гузаронида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани вазъи саломатии онҳо тавсия ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз баҳри таъмини ҳифзи солимии сокинон машварату муоина ва ташхисҳо аз ҷониби муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат ба таври ройгон ба роҳ монда шуданд.