Имрӯз, 12-уми ноябри соли равон вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гашт, ки дар он сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, ходими намоёни давлатӣ Ғайбулло Афзалов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Давлатов ва роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии зерсохтори раёсат иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.
Сипас, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони мамлакатро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт.
Дар ин замина, қайд карда шуд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Ин аст, ки бо пушти сар гузоштани ҳар сол дарк ва шинохти мардум аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад.
Бешак, Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлатдории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чунки маҳз 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои мардум сулҳ оварданд. Маҳз ин марди худодод тавонистанд, ки табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад.
Таърих гувоҳ аст, ки хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург аст.
Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳамаи мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем.
Дар идомаи ҳамоиши идона меҳмонон низ баромад карда, доир ба муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла баромадкунандагон оид ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид кардани миллати тоҷик баромад карданд.
Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, ҳама он муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳо ба даст овардааст, маҳз самараи талошҳои хастанопазир ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.