Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ, хизмати давлатӣ ва омӯзишии татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2025 имрӯз, 17-уми марти соли равон дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз ҷониби муовини сардор Ато Собирзода ба кормандони дастгоҳи марказии раёсати мазкур хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимни хониши сиёсӣ аз ҷониби муовини сардори раёсат доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили шарҳу баррасии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, пешгирии бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ кард.

Бояд гуфт, ки минбаъд низ чунин хонишҳои сиёсӣ дар раёсат доир гардида, зимни онҳо ҳар як хизматчии давлатӣ бо маърузаи худ баромад хоҳад кард.