Имрӯз, 07-уми январи соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2025 ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, масъулину кормандони дастгоҳи марказии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти мамлакат ширкат варзиданд. Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он дар давраи соли 2025 шунида шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки роҳбарият ва кулли кормандони Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар давоми соли 2025 фаъолияти хешро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда, дар самти таъмини солими аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар давраи сипаригашта дар муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти кишвар баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурии тиббӣ фароҳам оварда шуд. Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе як қатор навгониҳо дар самти ташхису табобати беморон, таъмиру таҷдиди бинову шӯъбаҳо ба амал омаданд. Гуфта шуд, ки маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ имрӯзҳо сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе боз ҳам беҳтару хубтар гардида истодааст. Зимни пешниҳоди маърӯзаи хеш роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба дигар бахшҳои фаъолияти раёсат дар давраи ҳисоботӣ низ ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард. Баъдан, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода низ суханронӣ карда, ба масъулини соҳаи тандурустии пойтахт баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳо дастуру супоришҳо доданд. Post navigation ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН