Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2021, №410 “Дар бораи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ оид ба ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва нобудсозии партовҳо дар муассисаҳои тиббӣ”, “Бемориҳои ниҳоят хавфнок”, “Пӯшидани либоси худмуҳофизатӣ” гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзишӣ диреткори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ Қуватзода Шаҳодат, мутахассиси шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Салимов Абдулхайр, кормандони масъули Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ, муовинони сартабиб оид ба фаъолияти кори ҳамширагӣ ва 205 нафар кормандони миёнаи тибби муассисаҳои тандурустии пойтахт ширкат варзиданд.

Зимни семинари омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва масъулин доир ба мавзӯъҳои болозикр маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

Дар охири семинари омӯзишӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ Қуватзода Шаҳодат доир ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, иҷроиши барномаҳои миллӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи фарҳанги миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа баромад карда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки нисбат ба чунин масъалаҳо бетараф набошанд.