Мувофиқи банди 17-и “Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008, №468 тасдиқ шудааст ва дар асоси фармоиши сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 04 декабри соли 2025, №371 аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии маъмурии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки барои гузаронидани аттестатсия Комиссияи аттестатсионии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иборат аз роҳбарияти раёсат ва намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳамин тавр, чорабинии мазкур тибқи тартиби муқарраргашта доир шуда, хизматчиёни давлатии маъмурии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта шуданд.