Имрӯз, 11-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” бахшида ба фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир гашт, ки дар он Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқ Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, собиқ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикиров Хурсанд, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати фарорасии санаи фархундаи 16 ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, ба онҳо барору муваффақият таманно кард. Зимни чорабинии идона қайд гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштани 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 дар кишвари соҳибистиқлоли мо маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ намудани Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон баргузор гашта буд. Дар баробари ин, 16 ноябри соли 1992 зимни баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашта буданд. Яъне, дар ҳамин рӯзи таърихӣ дар кишвар ду руйдоди муҳим ба вуқуъ омаданд, ки тақдири ояндаи давлату миллати тоҷикро дигар карданд. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин пеш аз ҳама нишонаи эҳтиром ва арҷгузории мардуми сарбаланди кишвар ба хизматҳои фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонистанд дар давраҳои басо душвор миллати тоҷикро аз хатари парокандагӣ нигоҳ дошта, Тоҷикистонро ба як кишвари зебову шукуфон табдил диҳанд. Дар чорабинӣ аз хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати комили сартосарӣ дар Тоҷикистон, баланд бардоштани обру ва нуфӯзи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, хизмтаҳои ҷоннисоронаи ин фарзанди фарзонаи миллат дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон ёдоварӣ шуд. Дар навбати худ меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, иштирокчиёнро ба муносибати ин санаи фархундаи таърихӣ табрику шодбош намуданд. Дар анҷоми чорабинии идона ба як қатор кормандони фаъоли соҳа Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Post navigation Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва баҳри иҷрои банди 6 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647, тасдиқ шудааст, санаи 2 сентябри соли 2025 дар Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун ба мансабҳои холии сармутахисис-сармуҳосиб, сармутахисис оид ба ташкили хизматрасонии тибби ба модарони шуъбаи ташкили хизматрасонии тибби ба модарону кудакон ва танзими оила бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлати дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури, Саидзода Ш.М., сармутахисиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шамсуддинзода З.З. ва намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудусов П.Ҷ. баргузор гардид. АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДОИР ГАШТ