Санаи 07-уми январи соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир шуд, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, масъулину кормандони дастгоҳи марказии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти мамлакат ширкат варзиданд. Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард. Гуфта шуд, ки дар баробари кормандони касбу кори гуногуни мамлакат кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе низ Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ истиқбол намуданд. Қайд гардид, ки воқеан ҳам мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо ҳамасола Паёми Президенти кишварро ба Маҷлиси Олӣ бесаброна интизорӣ мекашанд, чунки дар ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз фаъолияти тамоми самту соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гашта, дурнамои рушди онҳо муайян мегардад. Дар баробари дигар соҳаҳои муҳим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар баробари муваффақияту дастовардҳои соҳа, масъалаҳои ҳалталаби соҳаро низ қайд ва баҳри рафъи мушкилотҳои ҷойдошта ба сохторҳои алоқаманд дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Бо изҳори қаноатмандӣ гуфта шуд, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе минбаъд низ ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми кушишу талоши хешро равона хоҳанд сохт. Post navigation АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДОИР ГАШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД