Имрӯз, 12-уми марти соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаҳои наҷот, ҷаррҳӣ ва шуъбаҳои қисми таваллудхонаҳо дар мавзуъҳои “Парастории беморони вазнин” “Кор бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъаӣ” ва “Ёрии аввалин ҳангоми эклампсия ва преэклапсия” дарсҳои омӯзишӣ баргузор гардид.

Зимни дарсҳои омӯзишӣ мутахассисони марказҳои тиббию табобатии шаҳрӣ ва зиёда аз 225 нафар кормандони миёнаи тиб иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ” Қуватзода Шаҳодат Қуват оғоз намуда, мутахассисони соҳа ва маърӯзаҳои рӯзномаи даврҳои омӯзиширо ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамин тавр, доир ба мавзуи “Парастории беморони вазнин” Қосимов Зайниддин Каримович ба иштирокчиён маълумот пешниҳод кард. Номбурда зимни баромади худ доир ба дуруст нигоҳубин намудани беморони ҳолаташон вазнин, пешгирӣ ва табобати яғирҳо, дуруст иваз намудани рахти хоб ва либоси беморон ва риоя намудани гигиенаи шахсии беморон ба ҳозирин маълумот дод.

Доир ба мавзуи “Кор бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ” Атакулаев Назар Баҳромович ва Халифаев Умед Рузиевич баромад карданд. Зимни баромадҳои хеш онҳо доир ба коргузорӣ бо таҷҳизотҳои кардиомонитор, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, халтаи Амбу, дифибиллятор ва инчунин оиди ёрии аввалин ҳангоми беҳушӣ, марги клиникӣ ва марги биологӣ ва ғайра ба иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Баъдан, Қарабоев Ҷамшед Исмоилҷонович доир ба мавзуъҳои элампсия ва преэклампсия, аломатҳои ин беморӣ ва саривақт расонидан ёрии тиббӣ, дуруст истифодабарии дорувориҳои таъйиншуда, оиди хунравӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва оиди гемотрансфузия ба диққати иштирокчиён маълумот пешниҳод кард. Оид ба масъалаи мазкур аз ҷониби иштирокчиён саволҳо дода шуд, ки дар навбати худ Қарабоев Ҷамшед Исмоилҷонович ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас гардонид.

Дар анҷоми даврҳои омӯзишӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ” Қуватзода Шаҳодат Қуват баромад карда, вобаста ба боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва муолиҷаи беморон, иҷроиши барномаҳои миллӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда, аз иштирокчиён давъат ба амал овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар намоянд.

Ҳамзамон номбурда дар масъалаҳои иҷрои саривақтии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пушидани сару либоси ягонаи тиббӣ, пешгирии бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ баромад карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ин самт бетараф набошанд.