Имрӯз, 06-уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и шаҳри Душанбе чорабинии идонаи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба фарорасии Рӯзи Модар баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати мазкур Хушвахт Шарифзода ва доираи васеи занону бонувони соҳаи тандурустии пойтахт иштирок намуданд.

Зимни чорабинии идона сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми занону бонувони мамлакатро ба ифтихори фарорасии ҷашни фархундаи Рӯзи Модар шодбош намуд.

Тавре қайд гардид, имрӯзҳо маҳз дар партави сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар Тоҷикистон аз тамоми шароиту имкониятҳои мусоид баҳри таҳсил ва кору фаъолият баҳраманд буда, дар баробари мардон саҳми хешро дар рушду пешрафти Ватани азизамон мегузоранд.

Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои хеш аз бузургӣ ва мақому мартабаи занону бонувон дар фарҳанги миллии мо ёдовар шуда, аз аҳли ҷомеа, хосатан аз насли ҷавон даъват ба амал меоранд, ки иззату эҳтироми модарони азизро ба ҷо оваранд.

Вобаста ба ин, санаи 28-уми декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо-тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Бояд гуфт, ки дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми занону бонувон дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ назаррас мебошад.

Махсусан имрӯзҳо дар муассисаҳои тиббию табобатии шаҳри Душанбе занону бонувон ба ҳайси роҳбар ва мутахассиси ботаҷриба фаъолияти пурсамар дошта, дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми хешро гузошта истодаанд.

Баъдан, барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ҳамзамон занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.