Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва баҳри иҷрои банди 6 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647, тасдиқ шудааст, имрӯз, 7-уми ноябри соли равон дар Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун-суҳбат бо довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баргузор гашт, ки дар он сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Саидзода Ш.М., сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шамсуддинова З.З., намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудусов П.Ҷ., муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода А.Ҷ., сармутахассис-сармуҳосиби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Холова Қ.И., Раиси иттифоқи касабаи кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ҳалимова А.Р иштирок доштанд.Ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ 2 нафар зан аз он ҷумла 1 нафар ба мансаби сармутахассис оид ба ташкили хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакони шуъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила ва 1 нафар ба мансаби мутахассиси пешбар оид ба мудофиаи граждании Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъин гардидианд. Post navigation Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон