14-уми ноябри соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Хушвахт Шарифзода – сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ғайбулло Авзал -раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Зикиров Хурсанд – аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Назаров Абдуҳамид Узоқович – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Казакова Умринисо Сангова – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Орипов Шарифҷон – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Нурмаҳмадов Норсафар – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе, Фозилов Низомҷон Фозилович- раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе, роҳбарон ва доираи васеи намояндагони муассисаҳои тиббӣ иштирок доштанд. Ҷаласаро Хушвахт Шарифзода – сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагон ва дар симои эшон кулли шаҳрвандони мамлакатро бо Рӯзи Президенти ҷумҳурӣ табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки “16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент, бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯро интихоб гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Сарвари давлат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз карда, кишвари моро чун як давлати пешрафта ва ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд”. Дар фарҷоми ҷаласа як қатор собиқадорони соҳавӣ бо сипосномаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Post navigation Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи раёсати тандурустии шаҳри душанбе Озмун-суҳбат бо довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ