Имрӯз, 28-уми августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” мушовараи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гашт, ки дар он сардори Раёсат Хушвахт Шарифзода, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсат ва доираи васеи кормандону мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Дар мушовара чор масъала мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамин тавр: дар мавзӯи “Вазъи бақайдгирии сироятҳои дохилибеморхонавӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе” Муродзода С.Ҳ.- мудири шуъбаи хизмтарасонии тиббӣ ба калонсолони Раёсат, доир ба “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №146 аз 30 марти соли 2013 Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоями муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ” Сафиева З.А.- сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони эндокринологӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе ва ҷараёни амалисозии “Барномаи миллии пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” Хушнудҷони Мирзомурод- директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ғадудҳои дохила”, сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсат, оид ба ҷараёни амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳо вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, дар шаҳри Душанбе Эргашбоев А.Т.-сармутахассиси бахши ташкили хизматрасонии тиббӣ ба калонсолон баромад карданд. Дар анҷом доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Post navigation Таҷлили бошукӯҳи ҷашни истиқлолияти давлатии тоҷикистон Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе