Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” ҷаласаи тантанавии Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филология, профессор Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, роҳбарони муассисаҳои табобатю пешгирии шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. 

Сипас, сардори Раёсат Хушвахт Шарифзода бо сухани табрикоти баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба муносибати фарорасии санаи фархундаи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуд.

Гуфта шуд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сиву се сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахши таърихӣ аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру сафо, ободонию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Аз ин ҷост, ки ҷашни мазкурро дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса, шодию фараҳ ва қадршинсоӣ таҷлил менамоянд. 

Дар ин давра обру ва нуфузи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон низ ба маротиб боло рафт, ки ин ҳама маҳз бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳамаи дастовард ва муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ маҳз самараи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. 

Тавре Хушвахт Шарифзода иброз дошт: “Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, истиқодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақти кутоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд”. 

Дар чорабинӣ меҳмонони иззатманд низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфтанд.