Имрӯз, 17-уми феврали соли равон дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, ки дар он Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Мунира Каримзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сиёсати ҷавонону занон, Баротиён Д., сардори Раёсати назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода С.А., директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии наркологӣ», Марҳабо Олимӣ, муовини директори ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт», инчунин роҳбарият ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИХД шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Ҷаласаро сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва вазифаҳои чорабиниро ба самъи ҳозирин расонид.

Баъдан, Мунира Каримзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сиёсати ҷавонону занон вобаста ба пешгирӣ ва хавфи истеъмоли маводҳои мухаддир дар байни наврасон ва ҷавонон, Баротиён Д., сардори Раёсати назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ дар шаҳри Душанбе, Назарзода С.А., директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии наркологӣ» вобаста ба вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе, пешгирии он, дастовард ва мушкилот дар ин самт, Ниёзов Б.Х., мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии наркологӣ» дар мавзуи пешгирии паҳншавии вобастагӣ аз моддаҳои фаъолкунандаи руҳӣ ва хатари сигорҳои электронӣ дар байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Душанбе, Сайбурҳонов Д.С., сармутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» дар самти таҳлили сирояти BHMO дар байни нашъамандони тазриқӣ дар шаҳри Душанбе ва Марҳабо Олимӣ, муовини директори ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар оид ба мyаррифии лоиҳа, ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа, нақшаи амал бо шарҳи таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ, дастгирии гурӯҳҳои корӣ, ки ба воридсозии чораҳои пешгирии истеъмоли маводи мухаддир ва тарзи ҳаёти солим ба нақшаҳои рушди ноҳияҳо мусоидат намуданд, баромад карданд.

Пас аз шунидани баромадҳо доир ба масъалаҳои мазкур аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифта, дар маҷмуъ, баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни муассиса ва сохторҳои дахлдори соҳавӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.