Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва баҳри иҷрои банди 6 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647, тасдиқ шудааст, санаи 2 сентябри соли 2025 дар Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун ба мансабҳои холии сармутахисис-сармуҳосиб, сармутахисис оид ба ташкили хизматрасонии тибби ба модарони шуъбаи ташкили хизматрасонии тибби ба модарону кудакон ва танзими оила бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлати дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури, Саидзода Ш.М., сармутахисиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шамсуддинзода З.З. ва намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудусов П.Ҷ. баргузор гардид.