Имрӯз, 16-уми августи соли равон бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва 1045-солагии зодрӯзи поягузори илми тиб, олим, файласуф ва шахсияти барҷастаи олам, фарзанди баруманди миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” чорабинии бошукӯҳи идона доир гашт, ки дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, собиқадорони соҳа, роҳбарият ва корманандони соха. Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни даромадгоҳи маҷмааи мазкур намоиши дастовардҳои муассисаҳои сохавии тандурустии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки меҳмонон аз он дидан карданд. Баромадкунандагон аснои суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ва табибон ёдовар шуданд. Дар ҳамин замина, қайд карда шуд, ки рушди бомароми соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ маҳз бо талош ва дастгириҳои доимии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат таъмин карда шуда, барои ташхису табобати шаҳрвандон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Давоми солҳои охир дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе низ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошу дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри рушди соҳа шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гашт. Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба яке қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо Ифтихорнома,“Аълочии тандурустии Тоҷикистон”,туҳфаҳои хотиравӣ, тақдим гардид. Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандон анҷомбахши чорабинии идона буд. Post navigation ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва баҳри иҷрои банди 6 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647, тасдиқ шудааст, санаи 2 сентябри соли 2025 дар Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун ба мансабҳои холии сармутахисис-сармуҳосиб, сармутахисис оид ба ташкили хизматрасонии тибби ба модарони шуъбаи ташкили хизматрасонии тибби ба модарону кудакон ва танзими оила бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлати дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури, Саидзода Ш.М., сармутахисиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шамсуддинзода З.З. ва намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудусов П.Ҷ. баргузор гардид.