Имрӯз, 06-уми сентябри соли равон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ доир гашт.

Дар ин чорабинии бошукӯҳи идона муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ва собиқадорон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар навбати худ баромадкунандагон ҳозиринро ба ифтихори таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, ки ҷашни муҳиму муқаддас барои ҳар як фарди бонангу ори кишвар ба ҳисоб меравад, таҳният намуданд.

Зикр гардид, ки заминаҳо ва нахустин марҳилаҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, талошҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу таҳкими ин истиқлоли нав ба даст омада ва раҳонидани давлату миллат аз хатари нестшавӣ, инчунин, оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, дар фарҷоми ҳамоиш як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустии пойтахт бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.