Санаи 7-уми августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳрии №2”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҷаласаи кории Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир гашт.

Дар кори ҷаласа сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсати тандурустӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ҷаласаи корӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз рафти фаъолияти таваллудхонаи мазкур дидан ба амал оварда, бо фаъолияти шуъбаҳо ва ҷараёни хизматрасонии он шинос шуд.

Баъдан, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе дар толори Таваллудхонаи шаҳрии №2 ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Махсусан, дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии омилҳои бегонапарастӣ дар байни занону бонувон, рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ва дигар мавзӯъҳои мубрам таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар баробари ин, ба масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа низ таваҷҷуҳ махсус равона карда шуда, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.