Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вазъи санитарию гигиенӣ ва ҳолати будубоши беморон дар муассисаи тандурустӣ 16-уми июли соли равон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ба Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ташриф овард. Зимни боздиди хеш номбурда бо фаъолияти шуъбаҳои табобатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ҳолати санитарию гигиенӣ, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳолати кунунии маркази мазкур шинос гашт. Дар баробари ин, аснои боздид Хушвахт Шарифзода бо рафти табобати як қатор беморон низ бевосита аз наздик шинос шуда, доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд. Зимни суҳбату вохурӣ бо роҳбарият ва кормандони Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи маъсулинро ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, одоби муошират бо беморон, пешгирии амалҳои номатлуб, назорати қатъии беморон ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд. Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба роҳбарият ва кормандони маркази номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Post navigation НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ