Имрӯз, 13-уми марти соли равон дар Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, натиҷагирӣ аз рафти фаъолияти муассисаҳои тиббию табобатӣ, рафти маъракаи иммунизатсия дар байни аҳолӣ, хусусан дар байни кӯдакон ва ҳамзамон баррасии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бартараф намудани онҳо ҷаласаи корӣ доир гашт.

Дар ҷаласаи корӣ сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти кишвар ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ёрии аввалияи тиббӣ, назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, пешгирии фавти модар ва кӯдак, вусъат бахшидани маъракаи иммунизатсия дар байни кӯдакон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳамзамон пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳа ҷалб намуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Хушвахт Шарифзода ба роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд