Санаи 7-уми ноябри соли равон бо мақсади таҳлили вазъи соҳа, баррасии фаъолияти муассисаҳои тандурустии пойтахт, аз ҷумла омодагии онҳо ба давраи зимистонгузаронӣ, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа ҷаласаи кории Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баргузор гардид.


Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарон ва доираи васеъи намояндагони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти кишвар иштирок намуданд.
 Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур як зумра масъалаҳои мубрами соҳа, аз қабилӣ ба роҳ мондани корвонҳои саломатӣ, мубориза алайҳи бемориҳои ВНМО, сил, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа ҷиҳати боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, таъмини шароити хуби тиббӣ дар муассисаи табобатӣ, дарёфти саривақтии бемориҳои сироятӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мавриди муҳокима ба баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Дар интиҳои ҷаласаи корӣ вобаста ба иҷрои саривақтии дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сармашқи фаъолияти хеш қарор додани татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ ба роҳбарон ва масъулони муассисаҳои тиббӣ дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.