Санаи 22 ноябри соли равон ҷиҳати таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи роҳбарон ва намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ Хушвахт Шарифзода – сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маликшо Неъматов – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб – шоири халқии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарон ва доираи васеи намояндагони муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Чорабинии идонаро Хушвахт Шарифзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки “Воқеан парчам муаррифгарӣ ҳар як давлати мустақил аст. Таърих гувоҳ аст, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, муттаҳид, шукуҳу ифтихор ва нангу номуси миллати тоҷик буд, зеро давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон дорои таърих, суннатҳои хоси миллӣ ва анъанаҳои қадима мебошад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки ифодагари мавҷудияти давлатдории миллат маҳсуб меёфт”. Дар идомаи чорабинии идона меҳмонон доир ба нақш ва манзалати Парчами давлатӣ маърӯза намуда, диққати ҳозиринро перомуни арзиши волои ин муқаддасот ҷалб сохтанд. Зимни ироаи маърӯзаҳо, аз ҷумла зикр шуд, ки муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди худшиносу ватандӯсти ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа таъкид намоем.