Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз иқдомҳои муҳим ва таърихие мебошад, ки аҳаммияти бузурги илмию фарҳангӣ ва байналмилалӣ дорад. Ин ташаббус на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои яке аз нобиғаҳои бузурги тамаддуни башарӣ мебошад, балки инчунин ба таҳкими нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ низ мусоидат мекунад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои илму маърифат, рушди тиб, навоварӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар чунин шароит иқдоми Пешвои миллат ҳамчун як амали дурбинона ва фарҳангпарварона аҳамияти вижа касб мекунад.

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, ки дар таърихи илм бо номи Авитсенна низ маъруф аст, яке аз барҷастатарин олимон, табибон ва файласуфони ҷаҳон ба шумор меравад. Осори ӯ, бахусус китоби машҳури «Ал-Қонун фи-т-тиб», садсолаҳо ҳамчун дастури асосии тиб дар донишгоҳҳои Шарқу Ғарб истифода мегардид. Маҳз тавассути осори Сино илми тиб дар ҷаҳон марҳилаи нави рушдро касб намуд. Ӯ ба ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо усули илмӣ муносибат намуда, асосҳои як қатор равандҳои тиббии муосирро гузоштааст.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи эҳтироми амиқи давлат ва Ҳукумати кишвар ба арзишҳои илмӣ ва донишу маърифат мебошад. Тавре аён аст, Пешвои миллат дар тӯли фаъолияти сиёсии хеш ҳамчун Сарвари давлат ба эҳёи мероси фарҳангӣ ва илмии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Бо ташаббуси Пешвои миллат осори бузургони илму адаб дубора нашр гардида, ҷашнҳои байналмилалии шахсиятҳои таърихӣ баргузор шуданд ва симои фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам беҳтар ва густурдатар муаррифӣ гардид.

Ҷоизаи байналмилалии ба номи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино метавонад ба рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни кишварҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои тиббӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Таъсиси ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ олимон, табибон ва муҳаққиқонро дар дохил ва хориҷи кишвар ангезаи тоза бахшида, ба омӯзиши амиқтари мероси ҳакими ҳама давру замонҳо – Абӯалӣ ибни Сино ва пешбурди илмҳои тиббӣ ҳавасманд месозад. Ҳамзамон, ин иқдоми Пешво барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба имкониятҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ ба таври амалӣ мусоидат менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳое муваффақанд, ки метавонанд мероси таърихию фарҳангии худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Тоҷикистон бо доштани нобиғаҳое ҳамчун Абӯалӣ ибни Сино – алломаи илми тиб, физика, мантиқ, риёзиёт ва фалсафа, Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ – асосгузори илми алгебра (калимаҳои «алгоритм» ва «алгебра» аз осори ӯ пайдо шудаанд), Абӯрайҳони Берунӣ – донишманди илмҳои астрономия, география, математика ва физика, Ҳаким Умари Хайём – яке аз бузургтарин ахтаршиносон ва риёзидонҳои ҷаҳон, ки дар ҳалли муодилаҳои дараҷаи сеюм ва тартиб додани тақвими Ҷалолӣ саҳми бузург дорад, Насируддини Тӯсӣ – созандаи расадхонаи Мароға ва муаллифи корҳои муҳим дар тригонометрия ва астрономия, Аҳмади Фарғонӣ – яке аз машҳуртарин ситорашиносони ҷаҳони ислом, ки осораш ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд, Ғиёсиддини Ҷамшеди Кошонӣ, ки арзиши дақиқи адади π – ро бо саҳеҳияти бесобиқа ҳисоб кардааст, Абулвафои Бузҷонӣ, ки дар рушди илми тригонометрия ва ҳисобҳои астрономӣ саҳми калон гузоштааст ва дигар чеҳраҳои бузурги тамаддун имконияти бузурги муаррифии фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалиро дорад. Аз ин нуқтаи назар, таъсиси ҷоизаи мазкур як воситаи муҳими дипломатияи фарҳангӣ низ ба ҳисоб меравад.

Ҷомеаи тиббии Тоҷикистон аз ин иқдоми Пешвои миллат бо эҳсоси ифтихор истиқбол менамояд. Барои кормандони соҳаи тандурустӣ номи Абӯалӣ ибни Сино рамзи дониш, инсонпарварӣ, садоқат ба касб ва хизмат ба ҷомеа мебошад. Имрӯз низ бисёр принсипҳои ахлоқӣ ва касбии пешниҳоднамудаи ӯ дар фаъолияти табибон аҳамияти худро нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла, ӯ ба муносибати инсондӯстона нисбат ба бемор, риояи покизагӣ, тарзи ҳаёти солим ва масъулияти баланди табиб аҳамияти аввалиндараҷа медод.

Таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ин шахсияти бузург метавонад барои баланд бардоштани мақоми илми тиб дар Тоҷикистон таъсири бузург расонад. Ин иқдом ҷавононро ба омӯзиши илм, таҳқиқоти тиббӣ ва фаъолияти ихтироъкорӣ ташвиқ менамояд. Бешак, ҷомеае, ки ба илм ва дониш арҷ мегузорад, метавонад ба пешрафти устувор ва рушди босубот ноил гардад.

Иқдоми Пешвои миллат дар самти арҷгузорӣ ба Абӯалӣ ибни Сино ҳамчунин аҳаммияти муҳими сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Ин ташаббус бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва фарҳангпарвар барои рушди илму маърифат, ҳамкории байналмилалӣ ва муколамаи тамаддунҳо саҳми арзанда мегузорад. Дар ҷаҳони имрӯз, ки инсоният бо мушкилоти гуногуни тандурустӣ, бемориҳои сироятӣ ва таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, эҳёи арзишҳои илмии шахсиятҳое чун Абӯалӣ ибни Сино аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ватани фарзандони бузурги илм ва фарҳанг имрӯз низ ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти илму маърифат роҳандозӣ менамояд. Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино метавонад минбари муҳими ҳамгироии олимон ва муҳаққиқон гардад ва барои рушди соҳаи тиб дар миқёси байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино иқдоми таърихӣ ва дурандешона мебошад. Ин ташаббус на танҳо эҳтиром ба шахсият ва мероси гаронбаҳои як нобиғаи ҷаҳонӣ, балки қадами устувор дар роҳи баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми бузург бори дигар нишон медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон рушди илм, фарҳанг ва маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати миллӣ меҳисобад.

Шарифзода Хушвахт Салим

Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе