Санаи 08-уми октябри соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гашт, ки дар он сардори раёсати мазкур Хушвахт Шарифзода, роҳбарон ва доираи васеъи намояндагони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти кишвар иштирок намуданд. Дар ҷаласа пеш аз ҳама ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, дар ин замина гуфта шуд, ки масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони пойтахти кишвар шаҳри Душанбе яке аз масъалаҳоест, ки дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад ва дар ин ҷода пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сирояӣ ва ғайрисироятӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои соҳавӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дигр самтҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамин тавр, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Хушвахт Шарифзода ба роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Post navigation БОЗДИДИ ХУШВАХТ ШАРИФЗОДА АЗ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ “ИСТИҚЛОЛ”