21 октябри соли 2026 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мулоқоти донишҷӯёни курси якуми ҳамаи равияҳои таҳсил бо муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Чоршанбезода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе М.Ҷ. Гулзод, инчунин намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар оғози мулоқот директори иҷроияи Филиал Б.Ф. Файзализода таъкид намуд, ки курси якум марҳилаест, ки дар он роҳи таҳсили академии донишҷӯ бо самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон пайванди мустақим пайдо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, вазифаи донишгоҳ аз он иборат аст, ки ин пайвандро пурмазмун гардонида, омодасозии касбиро бо ташаккули худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоҳанг созад. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо дар се самти ба ҳам алоқаманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Самти аввал – имкониятҳои фароҳамовардаи давлат барои ҷавонон. Таваҷҷуҳ ба имкониятҳои таҳсил, рушди илм, варзиш, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дигар шароитҳое зоҳир гардид, ки барои татбиқи неру ва ташаббусҳои насли ҷавон замина мегузоранд. Самти дуюм – ҳувияти миллӣ ҳамчун асоси сиёсати ҷавонон. Таъкид гардид, ки эҳтиром ба забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, фарҳанг ва таърихи миллӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Дониш ва дастовардҳо дар сурате арзиши бештар пайдо мекунанд, ки бо худшиносӣ, эҳтиром ба мероси миллӣ ва масъулият дар назди ҷомеа ҳамоҳанг бошанд. Самти сеюм – саломатӣ ҳамчун сармояи муҳимми инсонӣ. Саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ заминаи зарурии таҳсили муваффақона, рушди касбӣ, бунёди оилаи солим ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулона ба саломатии худ аз вазифаҳои муҳими тарбияи ҷавонон ба ҳисоб меравад. Барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе баргузории чунин чорабиниҳо ҷузъи муҳими низоми пайгиронаи корҳои тарбиявӣ мебошад. Онҳо ба донишҷӯёни нав имкон медиҳанд, ки ҷойгоҳи худро дар низоми муносибатҳои байни донишгоҳ, сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷомеа дарк намуда, ҳамчун шахсиятҳои масъул, дорои худшиносии миллӣ ва ҳамқадами ҷаҳони муосир ташаккул ёбанд. Post navigation ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НАМОИШГОҲИ XIV БАЙНАЛМИЛАЛИИ “КИТОБИ ДУШАНБЕ”