БОЗДИДИ ХУШВАХТ ШАРИФЗОДА АЗ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ “ИСТИҚЛОЛ” Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 06-уми октябри соли равон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо рафти фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”- шаҳри Душанбе шинос гашт. Дар доираи ташриф ба ин муассисаи тандурустӣ Хушвахт Шарифзода бо рафти хизматрасонии тиббии он, ҷараёни фаъолияти шӯъбаҳо ва ҳолати таҷҳизотҳои тиббии муассисаи тандурустӣ шинос гашт. Аснои суҳбату вохурӣ бо беморон ва наздикони онҳо сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ёдовар шуд. Номбурда бо наздикону пайвандони беморон суҳбат анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд. Дар идомаи боздид Хушвахт Шарифзода бо роҳбарияти муассисаи тандурустии мазкур як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз қабили омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, назорати беморон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, одоби муошират бо беморон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуд. Дар ин замина, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба роҳбарияти муассисаи номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Post navigation Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)”: ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи эъмори сулҳи пойдор ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ ЯК ҚАТОР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ