13 -уми октябри соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бобохонзода Р.Х., роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ ва кормандони фаъолу ҷавони соҳаи тандурустӣ ширкат варзиданд.

Баромадкунандагон доир ба саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ва саҳми ин қишри ҷомеа дар рушду пешрафти Ватани азизамон ёдовар шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо медали ҷашнии 35- солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамзамон як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.